Дар робита ба ин иттилоъ, Агентии назорати маводи нашъаовар хабар медиҳад, ки тайи солҳои охир шумораи маҳкумшудагон барои ҷиноятҳои алоқаманд ба маводи мухаддир 12-13% - ро аз теъдоди умумии шахсоне дар бар мегирад, ки ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудаанд: “Соли 2011 дар Тоҷикистон 16.864 ҷинояти умумӣ ба қайд гирифта шуда буд. Ҳамзамон, ҳиссаи ҷиноятҳои марбут ба нашъа дар ин омор 5,5% буд.
Гуфтанист, соли 2011 дар Тоҷикистон 7.828 нафар барои содир намудани ҷиноятҳои умумӣ маҳкум шуда буданд, ки аз ин миқдор 805 нафарашон бонувон мебошанд. Занони барои ҷиноятҳои марбути нашъа 41 нафар ва ё 4,2% -ро ташкил медоданд.Солҳои 2009 ва 2010 шумораи занони маҳкумшуда барои ин намуди ҷиноят мутаносибан 57 ва 55 нафар буданд.
-Дар ҷойҳои маҳрумият аз озодии Сарраёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи ҶТ дар соли 2011 237 нафар занон адои ҷазо мекарданд, ки ҳамагӣ 54 (4,3%) онҳо барои содир намудани ҷиноятҳои маводи мухаддир маҳкум шуда буданд. Баъди ба ҳукми иҷро даромадани Қонун дар бораи авф, ки соли 2011 қабул шуда буд, алъон дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ 96 нафар занон барои содир кардани ҷиноятҳои гуногун ба сар мебаранд, ки ҳамагӣ 8 нафари онҳо барои ҷиноятҳои марбути нашъа маҳкум шудаанд.
Маврид ба ёдоварист, мувофиқи ба рӯйхатгирии охирини аҳолӣ, ки соли 2010 Агентии омори назди президент гузаронида буд, дар Тоҷикистон 3 миллиону 747 ҳазору 500 нафар занон ба сар мебаранд.
Мӯҳр
« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |