Гуфта мешавад, шоми 19-уми март Эмомалӣ Раҳмон ба ватан бармегардад, зеро рӯзи 20-уми март, қарор аст, дар ифтитоҳи Китобхонаи нави миллӣ дар Душанбе иштирок карда, бо зиёиёни кишвар мулоқот кунад.
Манбаъ афзуд, дар пойтахти Русия сарони кишварҳои узви Ҷомеаи Иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) дар ҳамоиши вижа идомаи равандҳои ҳамгироиро баррасӣ мекунанд.
Қаблан, хадамоти матбуотии Кремл изҳороте пахш карда буд, ки дар ин мулоқоти дорои “аҳамияти бузург” президентҳои Русия, Беларус, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ширкат мекунанд. Ҳамчунин, ба иттилои ин манбаъ, раҳбарони Арманистон, Молдова ва Украина дар нишасти мазкур ба ҳайси нозир ҳузур хоҳанд дошт.
Ёдрас менамоем, санади таъсиси Иттиҳоди ҳамкории иқтисодии АвруОсиё (ЕврАзЕс) 10-уми октябри соли 2000 дар Остона, пойтахти Қазоқистон ба тасвиб расида, 30-уми майи соли 2001 ҳукми қонуниро гирифт.Зимнан, панҷ кишвар бо шумули Беларус, Қазоқистон, Тоҷикистон, Русия ва Қирғизистон аъзоёни комилҳуқуқи ин ташкилот маҳсуб мегарданд.
Мӯҳр
« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |