Бахшҳо
17 мар 2012 07:00Хабарҳои ҷаҳон

Исми сарбози амрикоӣ, ки дар қатли 16 сокини осоиштаи Афғонистон муттаҳам мешавад, ошкор гардид

«Рейтерс», бо такя ба хабари намояндаи мақомоти Амрико гуфтааст, дар курсии айбдори сержанти калон Роберт Бейлс нишастааст. Бино ба қавли Ҷон Генри Браун, адвокати Бейлс, нафари таҳти ҳимояи ӯро ба иёлати Канзас интиқол додаанд.

NBC News менависад, ки гумонбаршуда 38 сол дошта, зан ва ду фарзанд дорад. Ӯ моҳи декабри соли 2011 барои идомаи хизмати низомӣ ба Афғонистон омадааст.Бояд тазаккур дод, ки Роберт Бейлс дар ҳамла ба мардуми маҳаллӣ дар шаби 11 марти соли 2012 муттаҳам мешавад. Тибқи иттилои расонаҳои хориҷӣ, ҳамон шаб ӯ ба рустое дар наздикии пойгоҳи ҳарбии Амрико мустаққар дар музофоти Қандаҳор ворид шуда, бо силоҳи оташфишон ҷониби мардум тир холӣ кардааст. Дар натиҷа, 16 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки аксари онҳоро занону кӯдакон ташкил медоданд. Айбдоршавандаро 14 март дастгир ва ба Қувайт интиқол доданд.Аз исми гумонбар дар куштори мардуми осоиштаи афғон дар ҳоле хабар дода мешавад, ки қаблан бархе расонаҳои маъруфи ҷаҳон навишта буданд, ки ҳамла ба сокинони бумӣ кори дасти як нафар набуда, балки гурӯҳӣ анҷом шудааст. Кумитаи таҳқиқи Афғонистон, ки аз сӯи парлумони давлати исломӣ барои баррасии ҳодиса таъсис ёфт, эълон кард, ки дар куштор зиёда аз 20 сарбози амрикоӣ даст доштаанд.Ба иттилои Гордон Дафф, сармуҳаррири расонаи «Today veterinary» сарбозони амрикоӣ  тавассути нақлиёти низомӣ ба русто омаданд.«The New York Times» бошад, менависад, ки рустоёни афғон гуфтаанд, ки сарбозон 11 ҷасадро, ки миёни онҳо 4 духтараки ноболиғ низ буд, рӯйиҳам андохта оташ заданд.Дар ҳамин ҳол, ба иддаои бархе коршиносон ҳамла ба сокинони осоишта нақшаи тарҳрезишудаест, ки ба манзури ба сӯи дигар равон кардани афкори мусулмонони ин кишвар амалӣ шудааст.Ёдрас менамоем, пас аз ҳодисаи қуръонсӯзии сарбозони амрикоӣ дар санаи 22-юми феврали соли равон дар Афғонистон тазоҳуроти густурдае алайҳи низомиёни НАТО шурӯъ гардид. Бар асари он Иёлоти Муттаҳидаи Амрико маҷбур шуд, дари сафоратхонаашро дар ин давлати исломӣ бандад.

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)