Усома бин Лоден чанде қабл аз кушта шуданаш ба ҷонибдорони худ амр кардааст, барои суиқасд ба ҷони Барак Обама, райисҷумҳури Амрико ва Дэвид Петрэус, он замон фармондеҳи нерӯҳои байналмилалии таъмини амният дар Афғонистон омодагӣ бигиранд
. Дар ин бораи рӯзномаи The Washington Post бо такя ба санадҳои дарёфтшуда аз хонае, ки пешвои «Ал Қоида» кушта шуд, хабар додааст.Тибқи ин аснод бин Лоден нақшаи маҳв кардани ҳавопаймои президенти Амрикоро таҳия мекардааст. The Washington Post бо истинод ба ҳуҷҷатҳои дар ихтиёрдоштааш навиштааст, раҳбари «Ал Қоида» бовар дошт, ки баъди марги Обама кишварро ноиб-президент Ҷо Байден идора мекунад, ки «комилан ба ин мансаб омода нест» ва «Амрикоро ба буҳрони амиқ мекашад». Қатли Петрэус бошад, раванди ҷанг дар Афғонистонро тағир медиҳад.Дар ҳамин ҳол аз маъмурияти райисҷумҳури ИМА гуфтаанд, ки ин нақшаи террористҳо ҳеч гоҳ хатари воқеиро ба ҷони президент надошт.Усома бен Лоден моҳи майи соли 2011 бар асари як амалиёти махсуси нерӯҳои амрикоӣ дар шаҳри Абботободи Покистон кушта шуд.
Мӯҳр