Мизони таваррум дар ду моҳи соли ҷорӣ дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаришуда ба таври назаррас поин рафтааст.
Дар ин бора ба «Озодагон» аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.Абдуғаффор Қурбонов, масъули маркази матбуотии ин ниҳоди молиявӣ гуфт, ки таваррум дар моҳи феврал мувофиқи маълумоти расмӣ 0,2 дарсадро ташкил мекард. Ду моҳи соли равон он ба 0,6 фоиз баробар шуд. Сатҳи таваррум дар зарфи 12 моҳи охир бошад, 6,5 фоизро ташкил дод.
Мӯҳр