Тавре ба хабаргузории Озодагон аз ҳукумати вилояти Суғд иттилоъ доданд, бо мақсади бештар фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ, омодагии кӯдакон ба мактаб, пайдо намудани завқи баланд, дунёи рангин ва ахлоқи намунавӣ аз ҷониби сокини деҳаи Амондара Аваз Сафаров дар бинои собиқи идораи хоҷагии деҳқонии ба номи Фирдавсӣ муассисаи томактабӣ бунёд мегардад. Ба таъмиру тармими бинои аввалин муассисаи томактабӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳот ба маблағи зиёда аз 55 ҳазор сомонӣ то имрӯз корҳои сохтмонӣ ба иҷро расидааст.
Бояд гуфт, ки ҷамоати деҳоти Амондара 13.700 аҳолӣ дошта, дар ҳудуди он муассисаи томактабӣ вуҷуд надорад. Дар ҳудуди ҷамоати деҳот бошад, дар айни ҳол кӯдакони то 6 сола 2.511 нафар мебошанд. Дар назар аст, ки боғчаи кӯдакон «Таманно» номгузорӣ шуда, то 1 майи соли ҷорӣ ба истифода дода, дар навбати аввал 60 нафар кӯдаконро фаро хоҳад гирифт.
Мӯҳр
« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |