Ҷамъияти тоҷикони Удмуртия бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ҷашни «Салом Наврӯз»-ро баргузор кард.
Дар ҷашнвораи мазкур ҷамъиятҳои тоҷикони Челябинск, Перм, Екатеринбург, Сочи, Қазон ва дигар шаҳрҳо бо барномаҳои рангин аз Иди миллии тоҷикон ҷашн гирифтанд.«Мусобиқаи гуштигирӣ, ороиши дастурхони наврузӣ бо 7 сину 7 шин, намоиши китоб ва барномаи ҷолибу дидании мусиқӣ бо ширкати мардуми тоҷику бурят ва тотору дигар халқиятҳо махсусиятҳои ҷашни мазкур буданд»,- хабар медихад сафорати Тоҷикистон дар Маскав. Дар чорабинӣ Сӯҳроб Раҷабов, мушовири сафоратхона суханронӣ намуда, сипосу табрики Абдулмаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Маскавро ба ташкилкунандагони ҷашн расонид.
Мӯҳр