Бар асари фаромадани тарма дар шоҳроҳи Душанбе-Чанок ду сокини як рустои ноҳияи Айнӣ зер барф монда, ҷони худро аз даст доданд.
Тавре Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод,субҳи имрӯз тахминан соати 04:00 дар километри 79 ва 83 шоҳроҳи Душанбе-Чанок бар асари фаромадани тарма, сокинони деҳаи «Такфон»-и ноҳияи Айнии вилояти Суғд зери тарма монда, ба ҳалокат мерасанд. Ҷасади ҷабрдидагон пас аз се соат аз зери тарма дарёфт гардидааст.
Манбаъ илова намуд, ки феълан ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, ағбаҳои Анзоб, Хобу Рубот ва Шаҳристон муваққатан маҳкам шудааст. Дар километри 765-уми роҳи Хоруғ-Мурғоб низ аз сабаби фаромадани тарма роҳ мувақкатан баста аст.
Мӯҳр