Бахшҳо

Табрикоти Наврӯзии Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО

«Наврӯз» яке аз бузургтарин идҳои инсоният ба ҳисоб рафта, таърихи 5000-соларо дарбар мегирад.


Маврид ба тазаккур аст, ки 19 феврали соли 2010 Маҷмааи Кулли СММ, бо ташаббуси бархе аз давлатҳо, аз ҷумла Тоҷикистон қатъномае қабул намуд, ки тибқи он Наврӯз ҳамчун Иди байналмилалии умумибаша эълом гардид. 30 сентябри соли 2009 бошад, бо ташаббуси давлатҳои аъзои Конвенсияи байналмилалӣ «Оид ба ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангӣ» дар баробари 76 объекти фарҳангӣ «Наврӯз» ба рӯйхати мероси ғайримоддии фарҳангии ЮНЕСКО номнавис карда шуда, қатъномаи махсус қабул гардид.

Ҳамзамон, соли 2010 Конвенсияи зикргардида аз тарафи парлумони Тоҷикистон ратификатсия карда шуд.Маҳз, ҳамин Конвенсия ва қатъномаҳо имкон медиҳанд, то Наврӯз натанҳо дар дохили давлатхои алоҳида, балки дар тамоми дунё бо шукӯҳи хосса таҷлил гардад. Мисоли равшани он Наврӯз - 2012, мебошад, ки имсол дар Тоҷикистон дар сатҳи олӣ ҷашн гирифта мешавад. Наврӯз-иди ҷаҳонӣ буда, он чун иди рафоқат, равшанӣ, орзуҳо, баробарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳу дӯстӣ шинохта шудааст.

Дар тамоми вилоятҳову шаҳрҳои калони Осиёи Марказӣ ҷойҳои махсуси таҷлили Наврӯз ҷудо шуда, дар он ҷо дар давоми моҳи Фарвардин (аз 20 март то 20 апрел) бо номҳои гуногун аз ҷумла «Сари сол», «Соли нав» ва ғайра Наврӯз ҷашн гирифта мешуд. Занон ва мардон ҷудо аз ҳамдигар бо рақсу бозиҳои наврӯзӣ дилхушӣ намуда, нишасти идона мекарданд. Дар маросими ид бозиҳои гуногун аз ҷумла: «аспакбозӣ», «чархофалак», хурӯсҷанг, кабкҷанг гузаронида мешуданд.Ин ҷашн қабл аз ҳама рамзи бедоршавии табиат, гулгулшукуфӣ, ҷавонии ҷаҳон ва башарият аст. Инчунин, он рамзи зафари равшанӣ бар торикӣ, гармӣ бар сардӣ, неки бар бадӣ, тозагиву покизагӣ бар фасодӣ ва инсонпарварӣ бар золимӣ ва ғ.мебошад.

Наврӯз ташаббусгари бедоршавии рӯҳи инсон аст, бинобар ин вақтҳои охир унсурҳои Наврӯз дар тарбияи насли наврас мақоми хоса пайдо кардааст. Ҷараёни омодагӣ ба Наврӯз инчунин тайёр кардани таомҳои наврӯзиро, ки бештар аз растанӣ иборат аст, дар бар мегирад. Мақоми марказӣ ба гандум мансуб аст. Аз гандуми сабзшуда «суманак» пухта мешавад. Он таоми хосаи наврӯзӣ маҳсуб мешавад, бинобар он «суманак»-ро рамзи Наврӯз мегӯянд. Бояд зикр намуд, ки "суманак" дар ягон маврид аз тарафи як нафар пухта намешуд. Инчунин, таомҳои дигар мисоли «оши наврӯзӣ» ё «палави наврӯзӣ» тайёр карда мешавад; «оши бурида» ва «оши угро», «оши куча», «кочи», «оталаи наврӯзӣ», «самбусаи алафӣ», «бичак», «фатир», «кулча», «чапотӣ», «гирдача».

Дар навбати худ ташкилоти ЮНЕСКО расман талили иди "Наврӯз"-ро ҳамчун яке аз рукнхои мероси фарҳангии башарият ҷонибдорӣ намуда, рушду тарғиби омилхои наврӯзиро дар сатҳи байналмилалӣ хамаҷониба тарафдорӣ мекунад.Дар партави нишондодҳои ЮНЕСКО тавассути гуфтугӯҳои фарҳангӣ, илмӣ ва таълим, ки яке аз омилҳои асосии он ба шумор меравад мо низ даъват ба амал меорем то расму русум, анъана ва асилияти наврӯзӣ рушд ёфта, баҳри нигахдорӣ ва пахн намудани он тарики муколамаи байнифарҳангӣ дар ҷаҳони муосир, барои насли оянда мусоидат намоем.

Иди байналмиллалии Наврӯз муборак бод ҳамватанони азиз ва меҳмонони гиромӣ !

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)