Зимнан, сарвари маркази «Ҷомеаи шаҳрвандӣ»-и вилоят М.Ҳорисова иштирокчиёнро хайра мақдам гуфта, бо барномаи маҳфил ошно сохт. Сипас, роҳбари дафтари намояндагии САҲА дар шаҳри Хуҷанд хонум Келси Харрис Смит иштирокчиёни маҳфилро даъват намуд, ки ба истиқболи рӯзи Замин ҷиҳати саҳмгузории ҷомеаи шаҳрвандӣ дар дастгирии ташаббусҳои наҷиби иқтисодиву экологӣ фаъол бошанд.Намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд О. Каримов даставвал перомуни муаммоҳои доғи глобалӣ –тағйирёбии иқлим, масъалаҳои партовгоҳҳои радиоактивӣ, тозагии муҳити зист, боло рафтани сатҳи обҳои зеризаминӣ ва ҳам такмили маърифати экологии аҳолӣ маърӯза кард.
Ҳамчунин, роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, аҳзоби сиёсии вилоят аз ҷумла Н. Маликисломов, И. Ёқубов, Д.Самадова, Т.Исмоилов, И.Зокиров ва дигарон бо дарки муҳимияти масъалаҳои экологии омодагии хешро дар дастгирӣ ва баргузор намудани аксия –чорабиниҳои ба ҳифзи муҳит равонагашта баён доштанд.
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |