Роҳнамои корхонаҳои содиротии Тоҷикистон дубора таҳия ва таҷдид гардид ва ҳамакнун он бо забонҳои англисӣ ва русӣ дар торнамои расмӣ (www.exportdir.tj) ва дар CD дастрас аст.
Нашри аввали Роҳнамои мазкур дар соли 2007 омода гардида буд ва дар таҳияи нави он шумори корхонаву ширкатҳо аз 78 то ба 107 расидааст. Дар пешгуфтор ба ин Роҳнамо навиштаи Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки ҷумҳурӣ дорои имконот, сарватҳои табиӣ, иқтидори бузурги обиву энержӣ ва нерӯи корӣ мебошад ва ин ҳама дороӣ дар тавлиди маҳсулоти рақобатпазир ва ҳамгироии иқтисоди кишвар бо иқтисоди ҷаҳонӣ нақши муҳиме мебозад. Ҷаноби вазир дар пешгуфтори худ гуфтааст, ин феҳраст як навъ даъват ба ҳамкорӣ аз ҷониби Тоҷикистон аст: “Он ки Роҳнамо барои бори дуввум таҷдид ва тақдим гардидааст, гувоҳи муваффақияти нашри нахустини он мебошад. Ин Роҳнамо ҳамчун як даъватномаи Тоҷикистон барои ҳамкориҳост. Даъватнома барои ҳамаи онҳое, ки имкониятҳои нав меҷӯянд ва дар талоши роҳандозии ғояҳои нав мебошанд. Роҳнамои мазкур ҳамчунин имкон медиҳад, то ширкатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон шарики нави тиҷоратии худро пайдо намоянд”.
Интизор меравад, дар наздиктарин фурсат Роҳнамои мазкур бо маблағгузории намояндагии тоҷикистонии GIZ дар шакли китоб низ нашр бигардад.
Ҳадафи умумии Барномаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» дастгирӣ намудани рушди устувор ва гуногунсози (диверсификатсия)-и содироти корхонаҳои Тоҷикистон тавассути боло бурдани рақобатпазирии маҳсулоти саноати нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар кишвар ва беҳтар кардани зерсохтори идораи сифат мебошад. Ин тарҳ аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария тавассути Идораи давлатии он кишвар дар умури иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ мешавад.
Мӯҳр