Имрӯз дар Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон мулоқти Гул Шералӣ бо Амҷад Ҳусейн Сйал, сафири ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати энергетика ва саноат ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, зимни мулоқоти ҷонибҳо масъалаи ҷараёни корҳо дар самти беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ дар бахши татбиқи лоиҳаҳои сохтмони нерӯгоҳҳо, бунёди корхонаҳои истеҳсоли семент, густариш ва фаъол намудани ҳамкориҳо ҷиҳати татбиқи лоиҳаи минтақавии «CASA-1000», ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар бахшҳои саноати маводи сохтмон, саноати сабук, нассоҷӣ ва саноати хӯроквориро мавриди баррасӣ қарор додаанд. Дар ин нишаст вобаста ба таърихи баргузории ҷаласаи 5-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Покистон гуфта шудааст, ки айни замон он барои мувофиқа ба ҳукумати ҷумҳурии Исломии Покистон ирсол гардидааст.
Маврид ба ёдоварист, ҷаласаи 4-уми Комиссияи байниҳукуматӣ 28-уми феврали соли 2011 дар Душанбе барпо гардида буд ва баргузории ҷаласаи навбатӣ дар шаҳри Исломободи Покистон ба нақша гирифта шудааст. Дар ҷараёни ин ҳамоиш ҷониби Тоҷикисон ва Покистон дар маҷмӯъ аз натиҷаҳои муносибатҳояшон изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд намуданд, ки ҳамкориҳо дар бахшҳои зикргардида минбаъд низ густариш хоҳад ёфт.
Мӯҳр