Бар асари як сониҳаи нақлиётӣ дар ҳудуди ҷамоати Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ пиёдагарди 52- сола ҷони худро аз даст дод.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ВКД иттилоъ доданд, шаби гузашта, тахминан соати 20:00-дақиқа, ронандаи автамашинаи тамғаи «ГАЗ-3102», рақами давлатияш АС 96-35 РТ/01, таҳти идораи Наврӯз Гулаҳмадови 21-сола, сокини шаҳри Роғун, зимни ҳаракат аз самти Душанбе ба тарафи Қӯрғонтеппа дар ҳудуди ҷамоати Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ бехатарии ҳаракати роҳро таъмин накарда, пиёдагард Тағоймурод Қодирови 52- соларо пахш мекунад.
Дар натиҷа, Қодиров (сокини деҳаи Киров) ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи маркази ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳалокат расидааст.
Мӯҳр