Бахшҳо

Меъёрҳои ахлоқӣ ва фаъолияти журналистӣ баррасӣ гардиданд

«Мушкилоти риояи меъёрҳои ахлоқӣ дар фаъолияти журналистӣ ва роҳҳои беҳтар намудани сифати журналистикаи муосир».

Таҳти чунин унвон дар идораи рӯзномаи вилоятии «Хатлон» бо ибтикори Шӯрои ВАО-и ҷумҳурӣ мизи гирд бо ширкати хабарнигорони минтақавӣ баргузор гардид.
Тавре Зинатулло Исмоилов, раиси Шӯрои ВАО дар оғози ин ҳамоиш иброз дошт, мулоқоти бевосита бо журналистони минтақавӣ ба он хотир аст, ки перомуни риояи одоби касбӣ дар нигоштаҳои журналистон ва худтанзимкунии фаъолияти журналистӣ суҳбатҳои озод баргузор гарданд.
Узви Шӯро ва сармуҳаррири ҳафтаномаи «Тоҷикистон» Шариф Ҳамдампур оид ба зарурати қабули меъёрхои ахлоқӣ ва таҷрибаи дар ин бахш ҳосилгардида суханронӣ карда, таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба риояи тавозуни назарҳо дар навиштаҳои муаллифон махсусан таъкид кард. Қайд гардид, ки маҳз риояи одоби касбӣ манзалати журналистонро боло мебарад ва онҳоро ба нерӯи воқеан қавии иҷтимоӣ табдил медихад.
Журналистон Сайраҳмон Назриев, Носирҷон Маъмурзода, Давлат Шоэътиборов, Асалмо Сафарова, Мурод Сотиев, Умар Камолов ва Латофат Чориева перомуни мушкилоти хабарнигорони минтақавӣ изҳори назар карданд. Ба андешаи онҳо маҳз риояи меъёрҳои ахлоқӣ ҷиҳати таҳияи маводи босифат замина фароҳам меорад. Дар баробари ин таъкид гардид, ки  мушаххасан ҷудо будани фаъолияти эҷодӣ аз фаъолияти тиҷоратӣ, риояи эҳтиром ба ҳаёти шахсӣ, ҳифзи манбаи ахбор ва ҳамраъйии касбии журналистон муҳимтарин нукоти меъёрҳои ахлоқӣ ҳастанд, ки риояи ҳамешагии онҳо дар фаъолияти журналистӣ обрӯи касби рӯзноманигориро боло мебарад.
Дар поёни ҳамоиш иштироккунандагони он муроҷиатнома қабул намуданд, ки дар он бо эътирофи меъёрҳои ахлокӣ ба риояи одоби касбӣ ва ҳамкории фаъоли ВАО бо мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват шудааст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)