Тавре зикр шуд, агарчи имрӯз Мақомоти андоз дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил шуда бошанд ҳам, вале то ҳанӯз на ҳамаи имкониятҳои мавҷуда пурра истифода шудаанд.
Лозим ба таъкид аст, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани қонунҳои амалкунанда, Кумитаи андоз пайваста бо андозсупорандагони ватанию хориҷӣ ва муассисаҳои давлатии марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ ҷиҳати андозбандии лоиҳаҳои муштарак ва тартиби аз андоз аз арзиши иловашуда озод намудани амалиётҳои таҳвили мол, ки аз ҳисоби маблағҳои созишномаҳои грантӣ ба миён омадаанд, машваратҳои муфид доир менамояд.
Дар охир, роҳбарону намояндагони лоиҳаҳои грантию инвеститсионӣ пешниҳоду андешаҳои хешро атрофи таҳияи лоиҳаи нави Кодекси андози Тоҷикистон дар таҳрири нав баён доштанд.
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |