Бахшҳо

Эмомалӣ Раҳмон: Камбизоатӣ аз 72 то 45 фойиз коҳиш ёфтааст

Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии рушд таҳти раёсати президент Эмомалӣ Раҳмон сурат пазируфт.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии райисҷумҳур дар нишаст аъзои шӯрои мазкур, намояндагони шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд, вазорату идораҳои дахлдор, масъулини дастгоҳи иҷроияи президент, созмонҳои давлатию хориҷӣ ширкат доштанд. Зимнан, масоили марбут ба рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар давоми якуним соли фаъолияти шӯрои номбурда ва нақшаю тадбирҳои ояндаро дар ин самт мавриди баррасӣ қарор доданд.

Нахуст гузориши вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар  Фаррух Ҳамралиев доир ба нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон шунида шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки дар соли 2010 ва моҳҳои аввали соли 2011 Тоҷикистон, сарфи назар аз таъсири манфии оқибатҳои бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ тавассути ба роҳ мондани ислоҳоти бобарор ба нишондодҳои назаррас дар татбиқи барномаю стратегияҳои миллии рушд, ки дар асоси Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола таҳия ва қабул шудаанд, ноил гардид.

Намояндаи доимии Оҷонсии Ҷопон доир ба рушди байналмилалӣ дар Тоҷикистон Ҷиро Лида ба Эмомалӣ Раҳмон барои кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми Ҷопон баъди садамаи даҳшатбор дар нерӯгоҳи атомии Фукушима арзи сипос намуд.

Ҷаласаро Эмомалӣ Раҳмон ҷамъбаст карда, аз ҷумла зикр намуд, ки «ноил шудан ба рушди устувори макроиқтисодӣ имкон дод, ки сатҳи камбизоатӣ тӯли солҳои охир аз 72 то 45 фоиз коҳиш дода шавад ва сатҳи зиндагии қариб 2 миллион нафар аҳолии кишвар беҳтар гардад ва онҳо аз камбизоатӣ раҳо ёбанд. Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, «ба таъмин гардидани рушди мўътадили иқтисодиёти кишвар бештар бахшҳои асосии он, яъне афзоиши воқеии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 3,9 фоиз, кишоварзӣ 6,8 фоиз, гардиши савдои чакана 7,7 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 15,3 фоиз ва маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 10 фоиз мусоидат намуданд".

Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки натиҷаҳои татбиқи нақшаи чорабиниҳои ҳамкории Тоҷикистон бо шарикони рушд моҳи декабри соли равон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии рушд бо иштироки васеи вазорату идораҳои дахлдор, шарикони рушд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дақиқу муфассал баррасӣ карда шаванд ва доир ба ҳадафу вазифаҳои амалинагардида тадбирҳои мушаххас андешида шаванд. Ҳамчунин пешниҳод карда шуд, ки соли оянда барои баррасии ин масоил ва сафарбарсозии захираҳои иловагӣ дар яке аз кишварҳои хориҷӣ ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронс оид ба Тоҷикистон гузаронида шавад.{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)