Феълан, дар шабакаи «МегаФон» беш аз 900 марказҳои заминавии (базавӣ) насли дуюм ва сеюм фаъол ҳастанд. Теъдоди муштариёни ин оператор кайҳо марзи миллионро убур кардааст.
«МегаФон» барои истифодаи осон ва фаврии хизматрасониҳо аз ҷониби муштариёнаш талош мекунад. Дар шабакаҳои чаканаи оператор зиёда аз 50 дафтари фурӯш ва хизматрасонӣ амал мекунанд.
Тибқи натиҷаи назарсанҷии «Пажӯҳиши бозори Интернет дар Тоҷикистон дар соли 2011», ки Маркази тадқиқоти сотсиологии «Зеркало» анҷом дод, «МегаФон» аз рӯи шинохти тамға ва истифодабарӣ миёни воридшавандагони интернет пешоҳанг аст.
Оператор дар қаламрави ҷумҳурӣ лоиҳаҳои азими иҷтимоиро роҳандозӣ мекунад, ки баргузории мусобиқаи футбол миёни тарбиятгирандагони хонаи кӯдакон ва мактаб-интернатҳо, Шанбегиҳои сабз ва ҳамчунин дарси донишҳои мобилӣ ва бехатарӣ аз ҷумлаи онҳоанд.
Аз идора: 12 январи соли 2012 ба шабакаи «МегаФон» дар Тоҷикистон муштарии миллионум пайваст шуд. Ба ин муштарӣ сертификат барои харидории хона тақдим шуд.
Алъон, Алексей Семёнов-сарвари иҷроияи ширкати «МегаФон» дар Тоҷикистон меҳмони навбатии хабаргузории «Озодагон» асту изҳори омодагӣ кард, ки ба суолу пурсиш ва дархостҳои Шумо муштариёни азиз посух бигӯяд.
Мӯҳр
« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |