Боқимонда фақат синфи 9 ва 11-ро хатм кардаанду бас. Ба ҷои ҷавонписарони ҷисман бақувват, нерӯманд ва тавоно мо бачаҳои заиф ва маризро бештар вомехӯрем. Баъд табобату муолиҷа ва тарбияи онҳо дар қисмҳои низомӣ идома мекунад,-гуфт Чолпонбек Турусбеков. – Барои мисол саргузашти ду бародари дугоникро бароятон қисса мекунам. Чанде қабл яке аз онҳо фирор кард, маълум шуд, ки ӯ ҳамсар доштааст. Ҳарчанд ин далелро комиссариати ҳарбӣ то ҳанӯз ҳам такзиб мекунад. Аскар занашро ёд карда, барои дидорбиниаш рафтааст. Хамзамон, аён шуд, ки бародари ӯ пеш аз ба хизмат омаданаш молдуздӣ карда, инак дар қисми низомӣ гӯё панаҳ бурдааст».
«Чаро ба ин комиссариатҳои ҳарбӣ роҳ медиҳанд? Дар сафи артиш ҳоло асосан ҷавононе хизмат мекунанд, ки вазни кироӣ надоранд, асабхароб ва гирифтори чанд бемории дигаранд.То қабули савганди ҳарбӣ аллакай 15 наваскарро иваз кардем, мегӯяд Чолпонбек Турусбеков. - Аз 985 даъватшаванда 9 нафарашон бе падару модар ба воя расидаанд, 26 кас бе модар ва 76 тани дигар бе падар. Вазъи оилавии онҳо дар замони хизмат дар артиш муайян шудан мегирад. Умдатан, дар қисмҳои марзбонии Қирғизистон ҷавонони манотиқи дур ва кӯҳистон адои хизмат мекунанд. Масалан, ман то имрӯз ягон фарзанди мансабдори давлатиро дар ҷузъу томҳои сарҳадбонӣ надидаам, хулоса кардааст, сардори ситоди нерӯхои марзбонии Қирғизистон». Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |