Садамаи нақлиётӣ бо ширкати як бону дар ҷануби Тоҷикистон бойиси марги ду нафар гардид. Шабнам Умароваи 20 -сола,
сарнишини нақлиёти тамғаи «Toyota» аснои ҳаракат аз тарафи шаҳри Қӯрғонтеппа ба самти ноҳияи Вахш аз ӯҳдаи идораи он набаромада, ба дарахти паҳлӯи роҳ бармехӯрад. Тавре ба «Озодагон» сухангӯи ВКД, Маҳмадулло Асадуллоев иттилоъ дод, бар асари ин сониҳа ронанда ва мусофири он, Рустамбек Алиназаров ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расиданд. Гуфта мешавад, Шабнам Умарова истиқоматкунандаи ноҳияи Вахш, кӯчаи Ломаносов, хонаи 1 будааст.
Мӯҳр