Дар шаҳри Берлини Олмон намоишгоҳи байналмилалии «ITB Берлин-2012» ба кори худ шурӯъ кард.
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар масоҳати 40 метри мураббаъ гӯшаи «Тоҷикистон кишвари туристӣ»-ро ба маърази тамошобинони намоишгоҳ пешниҳод намудааст. Дар намоишгоҳ беш аз 12 ширкати сайёҳии Тоҷикистон, ширкати ҳавопаймоии «Сомон эйр» ва меҳмонхонаи «Сирена»-и Душанбе иштирок менамоянд. Ҳамзамон барои иштирокчиёни намоишгоҳ маводи зиёди таблиғотию ташвиқотии захираҳои туристии кишвар пешниҳод мешавад. Қарор аст, рӯзи аввали намоишгоҳ як қатор кормандони намоишгоҳ, аз ҷумла дабири кулли созмони умумиҷаҳонии туристӣ Толеб Рифаӣ аз гӯшаи Тоҷикистон дидан намуда бо раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов мулоқот намояд.
Ёдовар мешавем, ҷумҳурии Тоҷикистон соли 4-ум аст, ки дар намоишгоҳи мазкур иштирок менамояд. Ҳамасола дар ин намоишгоҳ беш аз 180 кишвари ҷаҳон ширкат намуда, аз он беш аз 250.000 дӯстдорони сайру сайёҳат дидан мекунанд.
Мӯҳр