Дар пайи як амалиёти кормандони милиса дар пойтахт миқдоре аз маводи мухаддир забту мусодира гардид.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ВКД хабар доданд, зимни амалиёт дар маҳаллаи мавсум ба «Пивозавод» Бахтиёр Бобоназарови 26 сола, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ки айни замон дар ягон ҷой кор намекунад, дастгир шуд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз номбурда 1 килою 984 грамм маводи нашъадори навъи «ҳашиш» ва 0,8 грамм «ҳероин» дарёфт ва мусодира кардаанд. Ба иттилои манбаъ, дастгиршуда қаблан доғи судӣ дошта, бо моддаи 200, кодеси ҷиноии ҷумҳурии Тоҷикистон аз озодӣ маҳрум гардидааст.
Мӯҳр