Маврид ба ёдоварист, Вазорати молияи Тоҷикистон моҳи августи соли 2010-ум 157 миллион сомонӣ маблағҳои ҷамъшуда аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғунро ба муддати як сол ба ихтиёри панҷ бонки хусусӣ гузошта буд, ки гуфта мешуд, ин бонкҳо то моҳи августи соли 2011 ин миқдор маблағро бо фоидааш ба вазорат бармегардониданд. Бонкҳое, ки маблағҳои Роғунро дар ихтиёр доранд, Агроинвестбонк, Тоҷиксодиротбонк, Бонки рушди Тоҷикистон, Тоҷпромбонк ва Фононбонк мебошанд, ки ин бонкҳо дар моҳи август боз дархост намудаанд, ки замони баргардонидани ин пулҳо тамдид карда шавад. Дар натиҷа, бо дархости бонкҳо ва қарори Шӯрои нозирони нерӯгоҳи Роғун мӯҳлати баргардонидани пулҳо то 16-уми феврали соли равон муайян шуда буд.
Манбаъ ҳамчунин иттилоъ дод, ки гузашта аз ин, аз ҳисоби маблағҳои Роғун боз 80 миллион сомонӣ ба Тоҷиксодиротбонку Агроинвестбонк ба ҳар кадоме 30 миллионӣ ва 20 миллион сомонии дигар ба Амонатбонк дода шуд.
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |