Гуфта мешавад, маркази ҳунар барои бонувон бо дастгирии ҳукумат дар назди шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таъсис дода шудааст. Фаъолияти марказ барои касбомӯзии занону духтарон ва ҳамчунин баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқиии онхо равона гардидааст. Алҳол дар он 85 нафар духтарон бо омӯхтани касбҳои гуногун, аз қабили дӯзандагӣ, бофандагӣ, кешбофӣ ва машшотагӣ таълим мегиранд.
Манбаъ афзуд, дар ин марказ ба фаъолият шурӯъ намудани бахши иттилоотӣ ва машварати ҳуқуқиро раиси вилоят мувофиқи мақсад шуморид, зеро минбаъд бонувон метавонанд барои баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқӣ ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои хеш ройгон аз мутахассисони варзида истифода баранд.
Ҳамзамон, дар маркази тозаэҷод бонувон метавонанд, маҳорати хешро дар ҷодаи рассомӣ, пайкарасозиву дизайнерӣ такмил дода, барои омӯхтани касбу ҳунари дархӯри замон талош варзанд.
Мӯҳр« Январ 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | ||
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 |