Ҳамзамон, Давлат Назрӣ, сардори раёсати иттиллот Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, як рӯзи қабл чопи ин матлабро идомаи раванди интишори матолиби "таҳвиномез ва тақаллубӣ" дар расонаҳои гурӯҳии хориҷӣ унвон карда буд.
Маврид ба ёдоварист, рӯзи 2-юми март сомонаи интернетии "Звезда.ру" матлаберо зери унвони "Тоҷикистон дар остонаи инқилоб" мунташир кард, ки дар он ҳукумати Тоҷикистон бошиддат интиқод шуда буд. Ба ҷуз ин дар ин сайт санаде бо мӯҳри "махфӣ" интишор ёфт, ки таққалубӣ ва ё ҳақиқӣ будани онро касе намедонад.
Дар ҳамин ҳол, Сергей Строкан, шореҳи нашрияи "Коммерсант", ки матлаби "Тоҷикистон дар остонаи инқилоб" дар сайти "Звезда.ру" ба ӯ мансуб дониста шудааст, рӯзи гузашта (5-уми март) гуфт, ки ин матлабро нанавиштааст ва боре ҳам ба Тоҷикистон сафар накарда ва бо вазъи ҷумҳурӣ ошноӣ надорад ва муаллифи ин матлаб низ нест.
Мӯҳр
« Январ 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | ||
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 |