Нуриддин Қаршибоев, раҳбари НАНСМИТ гуфт, чанд рӯз қабл маъмурони фурудгоҳи Хуҷанд аснои адои фаъолияти хабарнигорони шабакаҳои телевизионии вилояти Суғд монеа эҷод карда, худи ӯро мавриди таҳдид қарор додаанд.
Бино ба гуфти ӯ, масъулини бехатарии ин фурудгоҳ ба хабарнигорони шабакаҳои "Ҷаҳоноро" ва "Азия" иҷоза надодаанд, ки аз вазъи ногувори мусофироне, ки парвозашон ба таъхир афтода буд, гузориш таҳия кунанд: «Дидам, ки се нафар ба сари оператор давиданд. Рафта ва гуфтам, Шумо кӣ ҳастед, ки намемонед, журналистҳои телевизион корашонро анҷом диҳанд. Дар ҷавоб онҳо ба сари ман таҳдид карда ва хостанд ба даруни кафетерия дароварда, ба ягон иқдоми дигари ғайриқонунӣ даст зананд. Шояд онҳо на фақат нияти тарсонидан, балки нияти заданро ҳам доштанд". Эътирози раҳбари НАНСМИТ алайҳи масъулони фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд дар ҳоле баланд мешавад, ки аксари мусофирини хатсайрҳои ҳавоии Тоҷикистон аз хизматрасонии бархе аз ширкатҳои марбута ҳам бардошти мусбат надоранд.
Мӯҳр