Директори агентии назорати молиявии давлатӣ ва мубориза бо коррупсия мегӯяд, боварӣ дорам, ки аксарияти кулли ҳамкоронам ўҳдадориҳои хизматиашонро софдилона иҷро менамоянд.
Ҷаноби Саидов дар сӯҳбати он-лайнӣ бо хонандагони хабаргузории «Озодагон» гуфт, шояд нафароне ҳастанд, ки манфиати шахсии худро аз манфиати давлат ва ҷомеа боло гузошта даст ба амалҳои ғайриқонунӣ зананд. Мо ҳам тарафдори он ҳастем, ки агар чунин шахсони тасодуфӣ бошанд бо ёрии Шумо сафҳои худро аз онҳо тоза намоем. Зимни ҷавоб гуфтан ба саволҳо номбурда иброз дошт, ки дар Агентӣ Раёсати амнияти дохилӣ ва Раёсати кадрҳо баҳри ошкор кардан ва ба ҷавобгарӣ кашидани чунин ашхос масъуланд. Агар маълумоте нисбати кормандони мо дар бораи амалҳои коррупсионии онҳо дошта бошед, метавонед бевосита ба роҳбарияти Агентӣ ё ба Раёсатҳои зикршуда, ё тавассути сайти Агентӣ муроҷиат намоед, ки муроҷиати Шумо дар доираи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» мавриди баррасӣ қарор дода шуда, оид ба натиҷааш қарори дахлдори қонунӣ қабул карда хоҳад шуд.Шакли комили мусоҳибаро аз ин нишонӣ мутолиа намоед: https://ozodagon.tj/rbr/97-2011
Мӯҳр