Раиси вилояти Суғд даври сеюми мулоқотро бо аҳолии шаҳру навоҳии вилоят санаи 27 феврали соли ҷорӣ аз ноҳияи Ҷаббор Расулов оғоз намуд.
Ин тадбир бо супориши президенти кишвар аз сар гирифта шудааст. Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии «Озодагон», нисбати муроҷиати шаҳрвандон, баррасии арзу шикояти меҳнаткашон, мусоидати ҳалли саривақтии онҳо мулоқоти раиси вилоят Қоҳир Расулзода санаи 14 марти соли 2012 соати 09-00 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қайроққум бо мақсади шиносоии наздик бо вазъи воқеии зиндагии сокинон баргузор мегардад.
Гуфта мешавад, сокинони шаҳру шаҳракҳои Қайроққум андешаҳо, арзу дархост ва пешниҳодҳои худро ба нишонаи электронии
hukumat-tj@mail.ru ё худ тариқи телефони 6-72-03 ирсол намуда метавонанд.
Мӯҳр