Дар остонаи садумин солгарди Рӯзи матбуоти тоҷик дар шаҳри Теҳрон миёни Хабаргузориҳои Форс ва Озодагон тафоҳумномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Пеш аз имзои ин тафоҳумнома Сийид Низомиддин Мусавӣ, мудири кулли Хабаргузории Форс ҳангоми сӯҳбат бо Зафари Сӯфӣ, мудири кулли гурӯҳи расонаҳои Озодагон бар зарурати ҳамкорӣ байни расонаҳои ҳамсӯ дар ростои таъолии андешаҳои созанда ва расондани хабари воқеъӣ ва бидуни таҳриф аз рухдоду ҳаводиси кишварҳои ҳамдину ҳамзабон таъкид намуд. Ӯ гуфт: «Ҷои таассуф дорад, ки то имрӯз мо аксари хабарҳо дар бораи кишварҳоямонро аз тариқи расонаҳои ғарбӣ дарёб мекунем. Ин дар ҳолест, ки мешавад мустақим ва аз тариқи ҳамкории Хабаргузориҳои кишварҳои дӯст ин иттилоъ дастрас ва пахш гардад. Хабаргузории Форс тасмим гирифта, ки дар ин росто бо ҳамаи Хабаргузориҳои таъсиргузор ва матраҳ дар минтақаи Осиё ва олами ислом ҳамкории густардаро роҳандозӣ кунад».
Ҳамзамон, Зафари Сӯфӣ бо ишора ба оғози кори Хабаргузории Озодагон ба сифати як хабаргузории минтақавӣ дар Осиё Марказӣ гуфт, ки дар миёни бозиҳои геополитикӣ ва манфиатхоҳонаи қудратҳо дарёфтан ва дар ихтиёри хонанда гузоштани ахбори саҳеҳ ва сареъ аз тариқи ҳамкории расонаҳо бештар имконпазир буда, дар ростои манфиати кишвару миллатҳои минтақа мебошад: «Шинохти бештари ҳамдигар беҳтарин заминаи ҳамкориҳои созанда ва шиносондани мардумон ба ҳамдигар барои оғози корҳои азиму созанда яке аз рисолатҳои муҳими расонаҳои хабарист».
Мӯҳр