Бо мақсади эҳё ва намоиши ҳунару анъанаҳои миллӣ, маҳорату истеъдоди кадбонугӣ, тарбияи духтарон оид ба завқи пухтупази таомҳои миллӣ ва омодагии онҳо ба зиндагии мустақилона ҳанӯз санаи 20.02.2012 қарори раиси шаҳри Панҷакент «Дар бораи гузаронидани озмуни шаҳрии «Кадбонуи беҳтарин» ба имзо расида буд.
Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии «Озодагон» озмуни «Кадбонуи беҳтарин» бо ширкати занону бонувони шаҳру деҳоти Панҷакент оғоз гардид, ки дар арафаи Рӯзи Модар ҷамъбаст мегардад. Манбаъ афзуд, мутобиқи низомномаи тасдиқгардида, ки шартҳои озмун муайян гардидааст, ҳайати кумитаи тадорукот ба ҳунару завқи занону духтарон ба маҳорати баланди пазандагии таомҳои миллӣ, пешниҳоди услуби тарзи ихтирои намуди нави таом ва эҳёи хӯроки миллии фаромӯшгардида, омода намудани дастархон, ҳаракат ва одоби баланди пешниҳоди таом бо қироати шеърҳо дар васфи Модар, баҳор, Наврӯз, малакаи муоширати онҳо диққати махсус медиҳанд.
Гуфта мешавад, то имрӯз дар маҳаллаҳои Шодиёна, 10-солагии Истиқлолият, Шафтолузор, Гулистон, Қайнар, Сои Зебон, Суғдиён, Азизобод ва дар ҷамоати деҳоти Ёрӣ, Х.Ҳасан, Л.Шералӣ, Саразм, Чинор, Сӯҷина озмуни «Кадбонуи беҳтарин» дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Ба қавли манбаъ, озмуни «Кадбонуи беҳтарин» дар шаҳру деҳоти Панҷакент идома дорад ва он дар арафаи «Рӯзи Модар» дар тантанаҳои идонаи ҷашнӣ, ки дар Кохи фарҳанг бо иштироки 500 нафар занону бонувони Панҷакент баргузор мегардад, ҷамъбаст карда мешавад.
Мӯҳр