Бахшҳо

Иди бонувон дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав таҷлил шуд

Дар арафаи ҷашни “Иди бонувон” вохӯрии кормандони сафорати Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои Маскав доир гардид.


Зимни нишаст, мушовирони сафири Тоҷикистон дар Маскав Суҳроб Раҷабов ва Сулаймон Рашидов, меҳмонон, хабарнигорон ва кормандони дигари сафорат ширкат намуданд. Донишҷӯён ба ин вохӯрӣ композитсияи адабиро бахшида ба “Иди бонувон” пешкаши ҳозирон намуда, донишҷӯи донишгоҳи “Дӯстии халқҳо” -и Маскав Ҳомидҷон Холбозоров бо қироати шеъре дар васфи бонувон симои модарро ба офтоби нурпошу равшанибахши ҳаёти инсон баробар карда, иброз дошт: «Нафаси модар насимест, ки моро оромиш мебахшад ва дасти таскинбахши модар доим моро ба ҷодаи муваффақият роҳнамоӣ мекунад».

Ҳамчунин Фахриддин Шамсиддинов, Парвина Сафарзода, Дилоромбону Муҳаммадҷонова,  Фирузҷон Наҷмиддинов -донишҷӯёни Донишгоҳи “Дӯстии халқҳо”, Ибод Раҳимов  аз Донишгоҳи омӯзгории Маскав, Фотима Достиева, донишҷӯи академияи дипломатии назди ВКХ-и Русия ва Сарвинози Раҳимзода аз Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов, Шерзоди Сайёд  аз Донишкадаи фӯлод ва маъдани Маскав бо қироати шеъру маърӯзаҳо дар бораи модарону бонувон муҳаббати фарзандро ба модар васф намуданд.

Зимнан, рақси зебои Манижабону дар ҳавои мусиқии тоҷикӣ ба ҳусни ин дидор ҳусни дигаре зам намуда, ба лаҳзае ҳозиринро ба диёри зебои Тоҷикистон, ба Ватани зебои бобоӣ бурд.

Корманди сафорати Тоҷикистон дар Маскав Муҳаррама Қодирова дар сӯҳбат бо хабарнигори масковии «Озодагон» изҳор дошт, ки ташкили чунин вохӯриҳо барои рушди ҳуввияти миллии донишҷӯни тоҷики хориҷи кишвар ва тарбияи ватанпарастии онҳо кӯмаки ҳамаҷониба мекунад ва сафорати Тоҷикистон дар Маскав барои баргузории чунин вохӯриҳо ва дастгирӣ аз донишҷӯён ва умуман мардуми тоҷик дар хориҷ талоши доимӣ мерварзад.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)