Зимнан, дар ҷаласи Шӯро таъкид шуд, ки зарурати қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ангишт» барои ба танзим даровардани назорат ва дастгирии молиявии ҳифзи меҳнат, бехатарии саноатии корҳо, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи иҷтимоии коргарони ба корҳои вазнин, хатарнок ва ё шароиташ зараровари меҳнат машѓулбуда ва фароҳам овардани фазои сармоягузориро дар бар гирифта, барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мусоидат менамояд. Инчунин, истифодаи самараноки ангишт барои сарфа намудани миқдори зиёди қувваи барқ ва ҳифзи табиат мусоидат менамояд.
Ҳамчунин, дар ин нишаст лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд», масъалаҳо дар хусуси Созишнома дар бораи ҳамкории вазоратҳои корҳои дохилии (политсияи) давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мубориза бар зидди хариду фурўши одамон, дар бораи Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар бораи шартҳои будубоши Дафтари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Мӯҳр
« Январ 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | ||
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 |