Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият дар Агентии назорати маводи нашъаовар ва Вазорати корҳои дохилӣ пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии райисҷумҳур, Раҳмон бо ёдоварӣ аз зарурати тақвияти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои созмонёфтаи трансмиллӣ, ҷиноятҳои коррупсионӣ, пурзӯр намудани қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ ва таъмини волоияти қонун онҳоро ба хизмати софдилона даъват кард.
Мӯҳр