«Дар хусуси он ки мошинаи писари ман хориҷӣ аст, дуруст қайд кардед, лекин BMW нею Toyota corolla аст».
Фаттоҳ Саидов, директори агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо куоррупсияи ҶТ аснои посух гуфтан ба пурсишҳои хонандагони хабаргузории «Озодагон» иброз дошт, ки: «Писари ман 26-сола буда, Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст. Дар ҳозира Президенти клуби футболи «Истиқлол» ва намояндаи яке аз ширкатҳои калони Ҷумҳурии Халқии Хитой, ки ба истеҳсол ва фурўши либосҳои варзишӣ машғул аст, мебошад. Дар зиндагӣ аллакай мустақил аст, маоши хеле хуб мегирад. Автомашинае, ки Шумо қайд кардед BMW мошинаи хизматии ширкати онҳо мебошад».
Шакли комили сӯҳбати он-лайн зери ин линк маҳфуз аст: https://ozodagon.tj/rbr/97-2011
Мӯҳр