Дар Брюссел мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо Рустамҷон Солиев бо ноиби президенти ширкати норвегиягии «Norsk Hydro» оид ба истеҳсоли алюминий ва неруи барқ Ян Петер Эбсен баргузор гардид.
Маврид ба тазаккур аст, ки ширкати мазкур яке аз ширкатҳои бузургтарини дунё оид ба саноати алюминий ва истеҳсоли неруи барқ ба ҳисоб меравад. “Norsk Hydro” аз ду зерширкат - «Hydro Aluminium» ва «Hydro Energy», ки дар самтҳои марбута бомуваффақият амал мекунанд, иборат мебошад.
Аснои сӯҳбат Сафири Тоҷикистон оид ба имкониятҳои гидроэнергетикӣ ва истеҳсоли алюминий дар Тоҷикистон ахбороти муфассал пешниҳод намуда,
дар навбати худ Ян Петер Эбсен ба фаъолияти корхонаи алюминии тоҷик ««TALCO»» баҳои мусбат дод.
Ҳамзамон, дар ин нишаст ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории миёни корхонаи алюминии тоҷик ««TALCO»» ва «Hydro Aluminium», инчунин имконияти иштироки ширкати «Hydro Energy» дар татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Мӯҳр