Бахшҳо

Оқил Оқилов: 3 милён сомонии иловагӣ барои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Кӯлоб зарур аст

Нахуствазири кишвар, ахиран барои шиносоӣ аз вазъи соҳилмустаҳкамкунӣ дар рудхона ва обпартовҳо аз якчанд навоҳии минтақаи Кӯлоб дидан кард.


Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии «Озодагон» номбурда  ба мавзеъҳои хатарбори назди соҳилҳои Панҷу Сурхоб ва Яхсу, инчунин обпартовҳои шаҳру навоҳӣ рафта, ба масъулин супориш дод.

Гуфтанист, дар ҳоли ҳозир дар соҳилҳои хатарзои рудхонаҳо ва обпартовҳо корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ идома дошта, дар аксари маврид бо иллати камбуди маблағ ва нарасидани масолеҳи сохтмонӣ, эҳдоси он ба дарозо мекашад. Оқилов барои мусоидат намудан ба  вазъ, супориш дод то аз ҳисоби агентии захираҳои таъминоти моддии назди ҲҶТ иловатан 50 ҳазор метри мукааб симтур, инчунин 3 милён сомонӣ барои харидории маҳсулоти сохтмонӣ ҷудо намоянд.

Зимнан, дар минтақа 6 километр соҳилҳои харобгашта аз нав барқарор гаштаанд, аммо даҳҳо километри дигар ҳанӯз таъмирталабу валангор боқӣ мемонанд. Ба гуфтаи Нуруллоҳ Мирзоев, муовини раиси ноҳияи Восеъ, дар рудхонаҳои Сурхобу Яхсу дар ҳудуди ноҳия, 4 километр соҳил ба пуррагӣ хароб гардида, аз онҳо ҳеч чиз боқӣ намондааст.

Як чунин ҳолат дар ноҳияҳои Муъминободу Кӯлоб ҳам ба назар мерасад, ки садҳо метр садди соҳилӣ вайрону валангор гардида, эҳтиёҷ ба барқароркунӣ доштаанд. Гуфта мешавад, ҳарчанд дар мавзеҳои хатарзои дарёву обпартовҳо корҳои заминӣ ба анҷом расонида шуда бошанд ҳам, вале бо иллати камбуди симтур ва маблағи пулӣ барои харидории масолеҳи сохтмонӣ, соҳилҳо ба пуррагӣ барқарор нагаштаанд ва эҳтимоли берун рафтани оби дарё аз соҳил боқӣ мемонад.

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)