Дар ин ҳамоиши илмӣ донишмандон, муаррихон ва рӯзноманигорон дар мавзӯъоти мухталиф, ба вижа мӯҳтаво, забон, рисолат ва шароити нашри рӯзномаи "Бухорои шариф" суханронӣ карданд. Қайд гардид, ки нахустин рӯзномаҳо ба забони форсӣ дар ҷаҳон бо номи "Ҷоми Ҷаҳоннамо" ва "Миръот-ул-Ахбор" дар соли 1822 дар Ҳиндустон ба нашр расидаанд ва аллакай дар соли 1907 дар Эрон 90 номгӯ рӯзнома ба забони форсӣ ба чоп мерасид ва нахустин рӯзнома барои занон дар ин кишвар дар соли 1911 нашр шуда буд.
Аммо Тоҷикистон рӯзи матбуоти миллии худро ба нахустин рӯзи нашри рӯзномаи "Бухорои шариф", аввалин рӯзномаи форсизабон дар Фарорӯд ё Осиёи Миёна вобаста кардааст, ки дар соли 1912 чоп шуда буд. Қабл аз ин, дар соли 1830 дар Қафқоз низ рӯзномае форсизабон таҳти унвони "Фарсийские ведомости" чоп мешуд, вале ду сол баъд, дар соли 1832, ин рӯзнома ба нашрияе ба забони туркии озарбойҷонӣ табдил ёфта "Вести с этой стороны Кавказа" ном гирифт.
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |