Баҳор Камаров, корманди маркази тадқиқоти стратегӣ мегӯяд, иқтисоди махфӣ касри буҷети давлатиро зиёд мегардонад, ки дар натиҷаи он давлат наметавонад сари вақт пули нафақахӯрону дигар кормандоне, ки аз ҳисоби буҷет маош гирандаро бипардозад.
Коршиносон бар ин назаранд, ки иқтисоди сиёҳ таъсироти манфии зиёде дорад, ки муҳимтарин осори он густариши фасод аст. Аз сӯи дигар, аз ҳисоби он андоз ба буҷет ворид нагашта давлат зарар мебинад ва танҳо кисаи ҳамон тоҷирони "андозгурез" пур мегардад. Таҳлилгарон дар мавриди таъсироти манфии иқтисоди сиёҳ мегӯянд, агар дар ҳар муомила, ҳар як сомоние, ки раду бадал мегардад ба қайд гирифта шавад, давлат аз ҳисоби он метавонад фоидаи зиёд гираду рушди иқтисодиро суръат бибахшад. Вале вақте, ки 60% тоҷирону ширкатҳо аз ҳисоби даромади махфии худ аз пардохти андоз мегурезанд, албатта, ки иқтисоди кишвар инкишоф намеёбад, зеро барои рушди иқтисод қабл аз ҳар чиз пул лозим аст: "Ҳол он ки дар Тоҷикистон ҳеч бонки тиҷоратие ҳозир нест то ба тоҷирон қарзи имтиёзноку дарозмӯҳлат диҳад. Вале дар хориҷа ингуна нест. Дар онҷо ҳар бонку ширкате дар ҳар ҷое эъломия пахш мекунад, ки бонки онҳо аз дигар бонкҳо қарзи бо фоизи камтару мӯҳлати дуру дарозтар медиҳад ва ин маънои онро дорад, ки дар хориҷа рақобат ҳаст. Ва барои ҳамин дар онҷо иқтисоди сиёҳ мавҷуд нест»...
Тафсилоти бештарро аз ин нишонӣ пайдо мекунед: https://ozodagon.tj/iq/item/16220
Мӯҳр