Дар шаҳраки Сарбанди вилояти Хатлон пойгоҳи нави обкашӣ ба фаъолият шурӯъ кард.
Тавре ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» аз ҳукумати ин минтақа иттилоъ доданд, дар пайи иҷрои ин тарҳ ҳудуди 15.000 сокини ин шаҳр ба оби тоза дастрасӣ пайдо карданд. Ҳамзамон, Эрин Макки, масъули минтақавии Оҷонсии тавсеъаи байналмиллалии Амрико дар Осиёи Миёна дар маросими оғози кори пойгоҳи обрасонӣ гуфт, сокинони ин шаҳр аз камбуди дастрасӣ ба оби тоза тайи 15 соли ахир ранҷ мебурданд. Ба қавли хонум Макки, камбуди дастрасӣ ба оби тоза дар Тоҷикистон далели афзоиши бемориҳои сироятӣ, ба монанди зардпарвин ё ярақон дар ин кишвар аст, ки тавассути об сироят мекунанд. Маврид ба ёдоварист, Сафорати ИМА дар Тоҷикистон аз соли 1992 барои иҷрои барномаҳои мухталиф дар бахшҳои омӯзиш ва парвариш, беҳдошт ва иқтисод беш аз 980 миллион доллар масраф кардааст.
Мӯҳр