Бахшҳо

Ҳ.Зарифӣ: Новобаста аз баёнияҳои ғайримунсифона Русия ва ҶТ шарики стратегӣ боқӣ мемонанд

Русия шарики стратегии Тоҷикистон буд, ҳаст ва мемонад. Дар ин бора Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон аснои мулоқот бо кормандони сафоратхонаи Тоҷикистон дар Маскав баён доштааст.


Тибқи иттилои расида, оқои Зарифӣ иброз доштааст, ки новобаста аз баёнияҳои ғайримунсифонаи бархе аз сиёсатмадорон ва гурӯҳҳо дар Русия, Душанбеву Маскав шарикони стратегӣ боқӣ мемонанд.

Зимнан, рӯзи гузашта дар ҷаласаи навбатии парлумони кишвар аз вакилон созишнома дар бораи ҳамкории марзии Тоҷикистону Русия ба тасвиб расид, ки ин санад ҳамкориҳои ду кишварро дар масъалаҳои марбут ба омодасозии мутахассисони соҳаи марзбонӣ, интиқоли борҳо (аз ҷумла аз роҳҳои ҳавоӣ), таъмини фаннии постгоҳҳои марзӣ аз ҷониби Русия фаро мегирад. Фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон генерал-лейтенант

Маврид ба ёдоварист, Думаи давлатии Русия ин паймонро, ки шароити ҳузури мушовирони рус дар марзҳои Тоҷикистон то 5 соли ояндаро муайян мекунад, ҳанӯз дар оғози моҳи феврал тасвиб карда буд. Созишномаи қаблӣ миёни Тоҷикистону Русия дар мавриди ҳамкориҳои марзӣ моҳи октябри соли 2004 дар шаҳри Душанбе имзо шуда ва муддати иҷрои он 5 сол таъйин шуда буд. Бар асоси ин санад, хуруҷи нерӯҳои марзбони Русия аз марзи Тоҷикистон бо Афғонистон оғоз шуда ва дар соли 2005 ин раванд поён ёфт. Марҳилаи ибтидоии хуруҷи марзбонони Русия, дар хатти марзи муштараки Тоҷикистон бо Чин сурат гирифта буд.

Ҳамин тавр, дар тобистони соли 2005 сарҳадбонони Русия аз марзи Тоҷикистон бо пуррагӣ хориҷ шуда ва танҳо теъдоде аз мушовирони низомии рус боқӣ монданд.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)