Ду моҳи ахир аз ҳисоби соҳибкорони ватанӣ ба Тоҷикистон 13048,2 тонна гази моеъ ворид шудааст.
Ин рақам дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаришуда 10436,5 тонна зиёд аст. Аз Вазорати энергетика ва саноат ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, ки айни замон дар ҷумҳурӣ 510 нуқтаи фурӯши гази моеъ фаъол аст. Ин дар ҳолест, ки соли 2011 шумори онҳо ба 494 мерасид. Бино ба хабари манбаъ дар моҳи январи соли 2012 аз ҷумҳурии Ӯзбакистон ба Тоҷикистон 15 миллион метрии кубӣ гази табиӣ ворид шудааст, ки корхонаҳои саноати маишӣ ва аҳолӣ бо он таъмин шуданд. «Инчунин ба кишвар дар моҳи январи соли 2012 ба миқдори 37,4 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла 20,5 ҳазор тонна бензин, 8,5 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, 3,9 ҳазор тонна мазут, 3,3 ҳазор тонна сӯзишвории ТС-1, 1,0 ҳазор тонна равғанҳои молиданӣ, 0,120 тонна битум ворид шудааст»,-афзуд сарчашма.
Мӯҳр