Дар назди девораи ҳифозатии «Озодӣ», воқеъ дар маҳаллаи Майхура, ки аз ҷониби роҳсозони чинӣ сохта шудааст,
ширкати IRS мехоҳад боз як плазаи пулчинӣ ифтитоҳ кунад. Ба гуфтаи вазири нақлиёт, Низом Ҳакимов барои кушодани ду нуқтаи пулчинӣ дар ин мавзеъи шоҳроҳи Душанбе-Чанак бо ҳукумат мувофиқа шудааст. Кушодани нуқтаи пулчинӣ дар ин мавзеъро вазири нақлиёт, Низом Ҳакимов дар ҳоле таъйид мекунад, ки Олимҷон Бобоев, собиқ вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон дар як нишасти матбуотӣ ифтитоҳи дарвозаи пулчинӣ дар назди нақби «Озодӣ»-ро ғайриқонунӣ номида буд. Ҳакимов афзуд :«Олим Бобоев чӣ гуфтанд ё нагуфтанд ман намедонам, лекин оид ба нуқтаи пулчинии минтақаи Майхура баҳсҳо зиёд аст. Аз рӯи шартномаи имзошуда ҳақиқатан дар километри 72-юм нуқтаи пулчинӣ мешуд, лекин мувофиқа шудааст, ки дар ин ҷо ду нуқтаи дигар ба истифода дода шавад. Ман фикр мекунам, ки ин ғайри қонунӣ нест. Барои он ки ҳам вазорат ва ҳам ҳукумат ба мувофиқа омадаанд ва розигии худро додаанд». Ёдрас менамоем, мувофиқи харитаи аввалаи сохтмони роҳ ва таъсиси плаза сохтани чунин нуқтаи пулчинӣ дар мавзеи Майхура вуҷуд надошт.
Мӯҳр