Таҳти чунин унвон дар Душанбе барномаи тамринӣ-таълимӣ барои кормандони сохторҳои мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир сурат пазируфт.Тибқи иттилое, ки аз АНМН ба «Озодагон» расид, ин бозомӯзӣ аз ҷониби Шӯъбаи назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии (INL) Сафорати ИМА дар якҷоягӣ бо “Гурӯҳи Эмерҷенс” гузаронида шуда, дар он 8 нафар кормандони агентии назорати маводи нашъаовар иштирок намуданд.
Манбаъ афзуд, тренинги мазкур зарфи 5 рӯз дар шаҳри Душанбе доир шуд ва дар он намояндагони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар ширкат варзиданд.Мақсади асосии тренинг баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, тавсеъаи имкониятҳои онҳо ҷиҳати беҳтар кардани фаъолиятҳои ҳаррӯзаашон иборат буд.
Гуфтанист, таҳлилгарони байналмилалӣ аз “Гурӯҳи Эмерҷенс” иштирокчиёнро бо роҳҳои нави гузаронидани пурсиш ва дарёфти иқрори гунаҳгоршавандаи парвандаи ҷиноӣ, ҳамчунин малакаҳои рушди иқтидори ташкилӣ омӯзиш доданд. Шунавандагон дар бораи роҳҳои муайян намудани рафтори лафзиву ғайрилафзии одамон ҳангоми пурсишҳо маълумоти кофӣ дарёфт намуданд. Дар ҷамъбасти тренинги омӯзишӣ-амалӣ ба иштирокдорони он сертификат супорида шуд.
Мӯҳр« Январ 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | ||
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 |