Бар асоси ин гузориш Чин бояд ширкатҳои давлатии худро ба бахшҳои хусусӣ табдил диҳад. Тибқи иттилои хабаргузорҳои хориҷӣ, ин ҳарфҳо аз ҷониби коршиноси чинӣ Дува Жуянг замоне садо дод, ки раиси Бонки Ҷаҳонӣ Роберт Зулик дар як нишасти матбуотӣ, ки дар дафтари ин ниҳоди молӣ дар Пекин баргузор шуд, гузориши худро эълон менамуд.
Бо вуҷуди ин ки ҷаноби Дуваро аз толори конфронс берун карданд, ў эътирозҳои худро алайҳи гузориши Бонки Ҷаҳонӣ идома дода, афзуд, онҳо мехоҳанд бонкҳои ин кишвар ба лаганбардорон ва қаллобон, монанди бонкҳои амрикоӣ табдил шаванд .
Ёдовар мешавем, ки Бонки Ҷаҳонӣ рўзи сешанбе, 28.02.2012, гузориши наверо бо дар мавриди Чин дар соли 2030 нашр намуд. Дар ин гузориш омадааст: «Чин бояд барои расидан ба сохтани як ҷомеаи модерну саноатӣ ва ба даст овардани даромади ҳангуфт, аз иқтисоди тарроҳӣ шуда аз ҷониби ширкатҳои давлатӣ даст кашида, рў сўи ширкатҳои хусусӣ орад. Инчунин дар ин таҳқиқот омадаст, ки Чин ба як ислоҳоти иқтисодии ҷиддӣ ниёз дорад».
Ин дар ҳоле аст, ки тарафдорони ин навъи иқтисоди Чин давлатӣ будани ширкатҳои чиниро манбаи қудрат ва сарафрозии миллӣ медонанд.
Мӯҳр« Январ 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | ||
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 |