Тавре Маҳмадшариф Шамсов, масъули шӯъбаи ташвиқоту тарғиботи РБДА ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, рӯзи гузашта тахминан соати 18:00 дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел астра» Фурқат Элмуродови 28- сола, аснои ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди Душанбе-Хуҷанд-Чанок дар километри 125, ҳудуди деҳаи «Кумаргӣ» бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста ба ҷарии чуқурияш 110 метр сарозер шуда, ба дарё ғарқ мешавад.
Дар натиҷа худи ронанда Фурқат Элмуродов ва 3 нафар мусофирони ӯ- Ситора Тӯеваи 54- сола, Гулҷаҳон Сайфиддиноваи 45- сола ва Андикуд Маликови 38- сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ гирифта, дар макони ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Ба иттилои манбаъ, аз аввали соли равон то имрӯз дар ҳудуди ҷумҳурӣ 154 сониҳаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 49 нафар ҷони худро аз даст дода, 174 тани дигар захмҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |