Тибқи иттилои хадамоти матбуотии райисҷумҳур дар оғози нишаст масъалаи кадрҳо баррасӣ шуд: «Зимнан, Суюнхон Рустамов, муовини аввали вазири кишоварзӣ ва Ҳайдар Холов ҷонишини вазири энергетика ва саноат таъин гардиданд».
Бино ба иттилои манбаъ, ҳамчунин аъзои нави ҳайати мушовараи чанде аз идораҳои назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуда, ҳайати Кумитаи тадорукот оид ба таҷлили 20 – солагии иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Ба ҳайати он, ки таҳти роҳбарии нахуствазири кишвар Оқил Оқилов фаъолият хоҳад кард, масъулини ҳукумату парлумон, дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳо шомил гардиданд.
Дар нишаст раиси ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон доир ба иҷрои қарорҳои ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тақсими заминҳои ба аҳолӣ барои сохтмони манзили истиқоматӣ ҷудошуда ҳисобот дод. Тавре зикр гардид, аз 467 га замини ҷудошуда 80 фоизаш ба 1933 оилаи ниёзманд тақсим шудааст. Ҳамзамон, қарорҳои ҳукумат дар бораи иштироки ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи умумиҷаҳонии ЭКСПО «Ёсу-2012» дар шаҳри Ёсуи ҷумҳурии Корея ва таҷлили 3000- солагии Ҳисор дар соли 2015 тасдиқ карда шуд.
Инчунин дар нишасти навбатии ҳукумати кишвар ба ноҳияҳои Исфара, Ишкошим ва Рўшон барои ба аҳолӣ додани қитъаҳои наздиҳавлигӣ замин ҷудо карда шуд. Аз ҷумла ба ноҳияи Исфара 855 га барои 5555 оила, ноҳияи Ишкошим 91 га барои 346 оила ва ба ноҳияи Рўшон 25 га ба 417 оила ҷудо карда шуд.
« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |