Дар истгоҳи метрои «Шелковская»-и шаҳри Масква, бар асари садамаи нақлиётӣ шаҳрванди Тоҷикистон Эмомиддин Бурҳониддинови 24- сола, сокини ноҳияи Рашт сахт осеб дида, ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз хадамоти матбуотии Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия иттилоъ доданд, айни замон Бурҳониддинов дар бахши эҳёи шифохонаи клиникии №14-и шаҳри Москва бистарӣ буда, дар ҳолати вазнин (кома) қарор дорад.
Феълан, нисбати ин қазия корҳои тафтишотӣ идома дошта, кормандони сафорат бо пайвандони Эмомиддин, табибон ва пулисе, ки пайи таҳқиқи ҳодисаанд, дар тамос мебошанд.
Мӯҳр