Тибқи иттилоъ, ин чорабинӣ 3-юми марти соли равон бо кӯмаки молиявии шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷомеаи Кушода»- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар Нигорхонаи ҳунарии «Мино», ки дар бинои Иттифоқи меъморони Тоҷикистон, кӯчаи Беҳзод №1 ҷойгир аст, сурат мепазирад.
Гуфта мешавад, ба маърази тамошочиён 73 асари рассом аз қабили наққошӣ, тарроҳӣ, расмҳо, мусаввада ва ҳазлҳои дӯстона, бо шумули асарҳои нотамом гузошта мешаванд.
Мутахассисон ба ҳунари рассом баҳои баланд дода, дар асарҳои ӯ воқеияти замонро бо ҳазлу анъанаҳои маишии мардумӣ мебинанд. Офаридаҳои муаллиф дар осорхонаҳо ва коллексияҳои хусусӣ дар Тоҷикистон ва хориҷ аз он дар Полша, Муғулистон, кишварҳои Африка ва ғайра маҳфузанд.
Маврид ба ёдоварист, Ботур Аллабергенов 9 майи соли 1941 таваллуд шуда, соли 1967 Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов ва соли 1973 Институти давлатии театриву рассомии Тошкандро хатм кардааст. Ӯ фаъолияти худро ба омӯзгорӣ бахшида, дар Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ аз наққошӣ дарс гуфтааст. 1 декабри соли 2011 Ботур Аллабергенов бармаҳал аз ҳаёт чашм пӯшид.
Мӯҳр« Декабр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | ||||||
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 |