Гуфта мешавад, ба назди эътирозгарон, ки тақрибан ҳамаи тоҷирони ин бозоранд, муовини раиси шаҳр Рустам Неъматов омада, аз вазъи рухдода шинос гардид. Зимнан, Неъматов ба хабаргузории «Озодагон» гуфт: «Ҳамдигарнофаҳмӣ миёни савдогарон ва раиси бозор ба амал омада буд. Раиси бозори фурӯши таҷҳизоту қисмҳои эҳтиётӣ Нуралӣ Ҳасанов аз тоҷирон талаби боз 70 дирами дигар барои нуқтаҳои савдо кардааст, ки савдогарон ба ин дархост розӣ нашудаанд. Мо аз ҷамъомадагон дархост намудем, то бо маъмурияти бозор дар ҳамдигарфаҳмӣ омада, байни ҳам шартнома ба имзо расонанд».
Ҳамзамон, ҷаноби Ҳасанов гуфтааст, ки баланд бардоштани қиммати ҷой ба боло рафтани ҳаққи андоз барои бозор мебошад: «Тоҷирон инро мехоҳанд ё не, вале мо имконияти паст намудани нархро надорем». Ин ҳам дар ҳолест, ки барои ҳар нуқтаи савдо аз тоҷирон ба маблағи 50 сомонӣ дар як моҳ муқаррар гашта буд. Аз ин ба баъд, қиммати ҳар ҷойи савдо 70 сомониро ташкил хоҳад дод.
Рустам Неъматов мегӯяд, ин бозор хусусӣ мебошад ва ҳукумат ба фаъолият ва ҳуҷҷатгузориву нархгузории он дахолат карда наметавонад.
Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |