Майити як сарбозро, ки дар шимоли мамлакат адои хизмат мекард, ба зодгоҳаш- рустои Назарбойи ноҳияи Шӯрообод оварданд.
Тибқи иттилои хабарнигори минтақавии «Озодагон», ин аскар Алишери Ҷумъахон, ҳанӯз тирамоҳи соли 2010 ба сафи артиш даъват шуда буд ва дар яке аз қисми низомии қӯшунҳои марзбонии Кумитаи амният воқеъ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов хизмат мекард. Афсарону сарбозоне, ки ҷасади ӯро овардаанд, гуфтаанд, ки дар қисми ҳарбӣ миёни Алишер ва як сарбози дигар муноқиша шудааст ва ахирӣ ӯву боз як афсари дигари ҳамин қисми ҳарбиро бо истифода аз автомат паррондааст. Дар натиҷа, ҳар ду дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Мӯҳр