Тавре хабарнигори маҳаллии «Озодагон» иттилоъ дод, дар ин маърака, ки дар толори ҷавонони шаҳр баргузор гашт, наздик ба 1000 нафар ширкат доштанд: «Зимнан, дар ин маҳфил, райиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ бо ҷамъи роҳбарияти марказии ҳизб низ иштирок намуданд».
Ҷамъомад бо қироати порчае аз ояти Қуръони шариф оғоз гардида, сипас олимони дину намояндагон аз рӯзгори он ҳазрат(с) қиссаҳо карданд. Дар мавлуд намояндагон аз шаҳри Душанбеву навоҳии атрофи он, аз вилояти Суғду Хатлон ва водии Рашт низ даъват гашта буданд.
Маврид ба тазаккур аст, ки мавлуди пайғамбар- Муҳаммад (с) дар Кӯлоб бо шукӯҳу шаҳомат гузашт, ки ҳатто даҳҳо тан аз милисаҳои маҳаллӣ ба хотири амнияти ҷамъомадагон, аз оғоз то анҷоми маърака атрофи толори ҷамъомадро муҳофизат мекарданд.
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |